ХАТЛОН. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш”-и шаҳри Бохтар ва гӯшаҳои алоҳидаи ноҳияи Кӯшониён маъракаи шинондани дарахтони ҳамешасабз шуруъ гардид. Дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, масъулони шаҳру ноҳияҳо, мутахассисон, кормандони соҳаҳои гуногун ва ҷавонон иштирок намуданд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки дар ободии диёр бояд ҳар нафар саҳми назарраси худро гузорад ва барои ҳифзи табиат камари ҳиммат бандад. Давлаталӣ Саид ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ ва гулҳо дар майдони “70-солагии водии Вахш”, аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур доданд. Таъкид гардид, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ аз харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 1000 бех дарахти ҳамешасабз шинонда шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш раиси вилоят бо пахши як муроҷиатнома аз тамоми мардуми вилоят даъват ба амал овард, ки ибтикороти Роҳбари давлатро дар ин самт дастгирӣ намуда, ҷиҳати равнақи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва хурраму назаррабо гардондани ҳар гӯшаи вилоят саҳми шоистаи худро гузоранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"