ҶУМҲУРИЯТ. НАШРИЯИ РАСМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 100-СОЛА МЕШАВАД
Рӯзномаи маҳбуби миллати тоҷик «Ҷумҳурият», ки онро Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ «модари матбуоти тоҷик» ном бурда буданд, 100-сола мешавад. Аввалин шумораи рӯзнома 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва аз шумораи навбатӣ бо унвони «Бедории тоҷик» ба нашр расид, ки барои мардуми кишвар ва тоҷикони дунё воқеаи таърихӣ ва мондагор буд. Минбаъд бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ба дасти хонандагон мерасид ва ҳоло ин минбари миллатсоз, ки аз 14-уми марти соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст, бо унвони шоистаи «Ҷумҳурият» азизи ҳар хонадони тоҷик мебошад. Коршиносони соҳаи матбуот «Ҷумҳурият»-ро таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он медонанд, зеро тамоми воқеаҳое, ки тайи сад сол ба вуқуъ пайвастанд, дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос ёфтанд. Қомуси садсолаи Тоҷикистон аст он.
Ҳайати кормандони Нашрия тасмим гирифтааст, ки ба муносибати ин санаи фархундаву таърихӣ Қомуси «Ҷумҳурият»-ро ба нашр расонад. Аз ин рӯ, аз кормандони собиқи рӯзнома, фарзандону наздикони онҳо, таърихнигорон, адибону журналистон хоҳиш менамоем, ки дар мураттаб намудани Қомус ёрии худро дареғ надоранд. Агар дар бораи зиндагиномаи ходимони эҷодиву техникии «Ҷумҳурият» дар тули сад сол хотирае ва ё санаде (ҳолнома) дошта бошед, ба мо ирсол намоед. Хотираҳо, ёддоштҳо, аксҳо дар Қомус, «Ҷумҳурият»-и имрӯз ва саҳифаҳои рӯзнома ба чоп мерасанд.
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33