ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИЛЛАТ. ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ОЯНДАСОЗИСТ!

МИЛЛАТ. ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ОЯНДАСОЗИСТ!

16 феврал 2024, Ҷумъа
44
0


Дар толори Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони "Тарбияи ватандӯстӣ – омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ" баргузор гашт. Ҳамоиш дар доираи чорабиниҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронда шуд.
Гуфта шуд, ки афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40  фоиз афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1-уми июли соли оянда аз 30 то 40  фоиз баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифаи ҳуқуқӣ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Ҳамзамон, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оид ба худкушию худсӯзӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, назорати гаштугузори кӯдакону наврасон, тарғибу ташфиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар айёми иду маросимҳо, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ суханронӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив