ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

16 феврал 2024, Ҷумъа
42
0


ВКД
Таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ дар мадди аввал 

Соли гузашта дар кишвар 21319 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт гаштааст, ки нисбат ба соли пешӣ 1162 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор шуд. Дар натиҷаи гузарондани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 316 силоҳи оташфишон ошкор ва мусодира гардид.
 Дар ин хусус Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Гуфта шуд, ки нисбат ба соли 2022 шумораи ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон камтар шуда бошад ҳам, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҳоло ҳам ба назар мерасанд. Соли сипаригашта 555 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 3020 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир гардидааст. Бинобар риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар ҳудуди мамлакат 1 ҳазору 111 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 519 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 179 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
- Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ равона намудаанд, - гуфт Рамазон Раҳимзода.

Комрон САФАР


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ
47458 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид

Соли 2023-юм ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 47458 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 6667 мавод камтар аст. Ҳамаи маводи воридгашта мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод шуданд. Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ як лоиҳаи кодекс, 7 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд. 
Ин нуктаро Музаффар Ашуриён,  вазири адлия, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2023 дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби мутахассиони Вазорат 2577 мавод мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
                                                                                                 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ


КУМИТАИ АНДОЗ.  БА ХАЗИНА БЕШ АЗ 17,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ВОРИД ГАШТ

Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ соли рафта 17 миллиарду 738 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 103,8 дарсади нақшаро ташкил дода, 650 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 104,8 дарсад, Хатлон 105,1, вилояти Суғд 104,5 ва шаҳри Душанбе 104,7 дарсад таъмин гашт. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати якуми январи соли равон, дар маҷмуъ, 647,6 миллион сомониро ташкил кард, ки назар ба соли пешӣ 67 миллион сомонӣ кам аст. Танҳо нақшаи андоз барои захираҳои табиӣ таъмин нагардид. 
Дар ин давра ба раванди гузариш ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида, шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияи худро электронӣ пешниҳод менамоянд, 10 ҳазор адад афзуд. Дар натиҷа беш аз 165 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияҳои худро электронӣ пешниҳод карданд, ки 67,2 дарсади шумораи субъектҳои ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад. Илова бар ин, мақомот шакли таҷдидшудаи барномаи компютерии системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозро ба истифода дод, ки аз 50 модули алоҳидаи компютерӣ иборат буда, тавассути онҳо ҳоло барои андозсупорандагону шаҳрвандон 80 хизматрасонии давлатӣ электронӣ пешниҳод мегардад. Чунин хизматрасониҳо барои осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои хоҷагидор ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд. 

Кароматулло АТО

Санаи нашр: 16.02.2024 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив