ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Намояндагии Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонӣ  

Намояндагии Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонӣ  

22 феврал 2024, Панҷшанбе
24
0


Дар қароргоҳи расмии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург Намояндагии Маҷлиси Олӣ расман ифтитоҳ гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки Намояндагии Маҷлиси Олӣ, воқеъ дар қасри Таврийи шаҳри Санкт-Петербург,  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таъмир  гардид. Маросими расмии ифтитоҳи намояндагии Маҷлиси Олӣ бо иштироки намояндагону меҳмонон аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, котиби генералии Шурои Ассамблея Дмитрий Кобитский, котиби масъули он Сергей Поспелов, намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзо ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия баргузор шуд.

Мулоқоти муовини якуми Сарвазир  бо сафири Арабистони Саудӣ 
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон вохӯрд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони  давлатҳое дохил кард, ки метавонанд бе раводид ба ин кишвар ворид шаванд. 
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Агентии сайёҳии «Visit Qatar», шумораи чунин давлатҳо ба 102-то расидааст. Тибқи ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бе раводид ба Қатар ворид шуда, то 30 рӯз дар қаламрави он монанд. Бояд гуфт, ки низоми сирӯзаи бе раводиди сафар барои шаҳрвандони давлати Қатар, ки хоҳиши дидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, низ амал менамояд.

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши ҷалби сармоя тақвият медиҳанд
Дар робита ба ин масъала, дар шаҳри  Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия Амут Адҷар баргузор гардид.
Аз Кумитаи мазкур ба мо иттилоъ доданд, ки мусоҳибон  вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро дар самти иқтисодӣ-сармоягузорӣ, аз ҷумла амалишавии созишномаҳои сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи ширкатҳои туркӣ баррасӣ намуда, омодагиашонро барои тақвияти ҳамкории судманд изҳор доштанд.

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив