ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН
21-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд.
Зимни сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” иштирок намуда, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Дар вохӯриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар ва минтақаҳои онҳо баррасӣ хоҳанд шуд.
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
21-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин, масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ҷониби Русияро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” шодбош гуфтанд.
Сарварони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва баргузор гашта буд ва, ҳамчунин, нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузашта доиргардида баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол дар соли 2023-юм 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари ИМА расид ва Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.
Як қатор масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ба мисли энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг низ баррасӣ гардида, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омаданд.
САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “БОЗИҲОИ ОЯНДА”
21-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарварони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3-юми марти соли равон баргузор мегардад, иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, иштирокдорони ин мусобиқа, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқа, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дарвоқеъ, ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд.
Бояд гуфт, ки дар ин нерусанҷии байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 35 варзишгар иштирок дорад.
МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ ТОҶИКИСТОНУ ТОТОРИСТОН
22-юми феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо як ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишварро ташкил медиҳад ва ҳоло беш аз ҳаштод субъекти федералии Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим дорад.
Зимни гуфтушунид таъкид гашт, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Аз ҷумла, ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, ба мисли металлургия, химия, сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ ҳамчун самтҳои дорои дурнамои судбахш номида шуд.
Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари энергетика, истихроҷи маъданҳо ва нафту газ, сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин, таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикӣ дар Тоҷикистон ва Тотористон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ барои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос мутобиқи талаботи бозори меҳнат тақвият дода шавад.
Дар рафти мулоқоту музокирот доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ мувофиқаҳои судбахш ба даст омаданд.
САРФАРОЗГАРДОНӢ БО ОРДЕНИ “ДУСЛИК"-И ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН
22-юми феврал дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуданд.
Тибқи фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.
Зимни суханронӣ ба ин муносибат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштанд.
Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа сипосу қадрдонӣ арз гашт.
Дар фароварди сухан ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Тотористон дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи ин диёри зебо дастовардҳои навин орзу карда шуд.