ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 

23 феврал 2024, Ҷумъа
25
0


21-уми феврал дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Милли Маҷлиси Озарбойҷон Саҳиба Гафарова мулоқот намуд. 
Зимни вохӯрӣ  таъкид шуд, ки Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд ва он ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон манфиатдор мебошад. Маҳмадтоир Зокирзода ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Милли Маҷлиси Озарбойҷон баён намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст. 


Масоили таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот баррасӣ шуданд
Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот ҷиҳати баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар вохӯрии директори Агентии содирот бо ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) баррасӣ гардиданд.
Тавре Агентӣ хабар додааст, дар вохӯрӣ оид ба самтҳои асосии ҳадафу вазифаҳои агентӣ, ки аз таъсиси марказҳои яклухту тақсимотӣ, платформаи рақамӣ ва бунёди марказҳои логистикӣ иборат мебошад, ибрози назар шуд. Зикр гашт, ки ташаббуси лоиҳаи БОР ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои грантӣ дар самти дастгирии занони соҳибкор, ки ба фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ равона шудааст, қобили ҷонибдорӣ мебошад.


Ҷаласаи гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ 
22-юми феврал дар Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд. 
Тибқи хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни ҷаласа масъалаҳои тақвияти корҳо дар самти рушди сайёҳӣ,  ҳунаромӯзии шаҳрвандон, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, ташкили фаъолияти гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардиданд.

Санаи нашр: 23.02.2024 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив