ШАҲРИ ДУШАНБЕ. БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ширкати хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гашт.
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт дар соли 2023 гузориш дода, зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 26,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 108,3 фоиз ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 20,2 фоизро ташкил дод.
751 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 4,2 миллиард сомонӣ расонд, суръати афзоиш 121 фоиз боло рафт.
Баҳри амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, аз ин шумора ба ҳолати 1-уми декабри соли рафта 42 корхона бо таъсиси беш аз 3,8 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Умуман, дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 181 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 7447 ҷойи нави корӣ фаъолиятро оғоз намуд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди 407 иншооти иҷтимоию саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, биноҳои таъиноти гуногун бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар аст.
Дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 265,2 ҳазор бех ниҳолу буттаҳо, 18,6 миллион гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда, дар майдони 129 ҳазор метри мураббаъ майса кошта шуд. Имрӯз пойтахти Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун маъвои дили ошиқон, дӯстдорони сайру саёҳат, донишомӯзӣ, кишвари амну сулҳу сафо шинохта шудааст.
Лашкар ШАРИФЗОДА
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ. БАЙНИ СОХТОРҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 25-уми декабри соли 2023 ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода бо кормандони сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди Душанбе доир гардид.
Дилбар Одилзода мавқеи созанда ва ибратбахши ҷавонон ва варзишгаронро дар татбиқи нақшаву барномаҳо таъсирбахш арзёбӣ намуд. Тавре таъкид гардид, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар соҳаи варзиш аз нуктаҳои Паём ёдоварӣ шуда, зикр шуд: "Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омода сохтани варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад".
Аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи ватандӯстиву меҳнатдӯстии наврасону ҷавонон ва эмин мондани онҳо аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир якҷоя саҳм гузоранд. Дар ин самт, ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ паҳлуҳои дигари Паём мавриди таҳлил қарор дода шуд. Иброз гашт, ки Паём санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба хотири шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар пойтахт 6 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарият ва намояндагони сохторҳои гуногуни МИҲД-и шаҳри Душанбе таъсис ёфта, корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39