САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ШАҲРИ ЕКАТЕРИНБУРГИ РОССИЯ
Гурӯҳи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия бо соҳибкорон ва тоҷикони муқими ин кишвар мулоқот намуданд.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Умуман, соли 2023 суръати баланди рушд баробар ба 8,3 фоиз таъмин гардид.
– Дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои ободу зебо гардондани ҳар як гӯшаи Ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм гузошта истодаанд, – афзуд раиси вилоят.
Соҳибкорони тоҷики муқими Россия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ, саҳм мегузоранд.
Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Федератсияи Россия, ҳамзамон бо фаъолияти ҶСК "УЭТМ" шинос шуд. "УЭТМ" яке аз брендҳои маъруфи ҷаҳон аст. Таҷҳизоти барқӣ барои тавлид, интиқол, тақсими энергия, ки дар ҶСК "УЭТМ" истеҳсол мешавад, дар ҳама гуна шароити иқлимӣ боэътимод кор мекунад. Таҷҳизоти корхона дар Русия, кишварҳои ИДМ ва хориҷӣ (Чин, Миср, Австрия, Аргентина, ИМА, Бангладеш, Сурия, Туркия, Эрон, Муғулистон) харидор дорад.
Давлаталӣ Саид бо роҳбари корхонаи “Уралэлектротяжмаш”, ки дар шаҳри Екатеринбург мебошад, мулоқот намуда, онҳоро барои ҳамкорӣ бо ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар даъват кард. ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти густурда дошта, трансформаторҳои истеҳсолшуда дар бозори ҷаҳонӣ харидор дошт. Феълан корхона дар як сол то 300 адад трансформаторҳои гуногунтамға истеҳсол мекунад.
Дар идома вохӯрии ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал баргузор шуд. Вусъат бахшидани рушди сафарбарии академии омӯзгорону донишҷӯён, табодули таҷрибаи пешқадам, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ҳадафи мулоқот буд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, донишгоҳҳову донишкадаҳои зиёд дорад ва ҳамкории мо ба нафъи ҳар ду ҷониб аст.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40