МОДАРОН БА АЁДАТИ САРБОЗОН РАФТАНД
Бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон модарон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аёдати сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят омада, онҳоро бо идашон табрик намуданд.
Чунин як чорабинӣ дар қисми низомии “Н”-и Вазорати мудофиа баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ширкат кард.
Нилуфар Асламшоева аз номи гурӯҳи модарон сарбозонро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва осоиштагии мардум яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ мебошад. Сулҳу оромии мамлакат, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат ба сатҳи таъмини амнияту тартибот вобаста аст. Ҳеҷ давлат бе таърих, бе фарҳанг ва бе Артиши миллӣ арзи вуҷуд дошта наметавонад. Артиши миллии кишвари мо бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такягоҳи асосӣ ва сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст.
Инчунин, модарон низ сарбозонро табрик намуда, изҳор доштанд, ифтихор мекунанд, ки фарзандонашон ҳимоятгари Ватананд ва хоби осудаи хурду бузурги кишвар ба матонату садоқати онҳо вобаста аст.
Сарбозони шуҷои кишвар ба модарон ҷиҳати қадрдонӣ миннатдорӣ баён карда, изҳор намуданд, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”