Машваратҳои байниидоравӣ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ
26-уми феврал дар котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон, машваратҳои навбатии байниидоравӣ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмон дар шаҳри Душанбе ҳамчун мақоми алоҳидаи доимамалкунанда баргузор гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар чорабинӣ коршиносони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ва намояндагони котибот иштирок карданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот протокол ба имзо расид.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ
27-уми феврал мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи боздоранда (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гашт.
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNRCCA мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо алоқамандиашонро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар самту соҳаҳои мухталиф баён доштанд.
Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи Шурои ҳуқуқи инсони СММ
27-уми феврал дар шаҳри Женева иҷлосияи 55-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ ба кори худ оғоз намуд.
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ба мо иттилоъ доданд, ки Тоҷикистонро дар ин иҷлосияи сатҳи баланд сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ Шараф Шерализода намояндагӣ менамояд.
Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва БОР
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Осиёи Ғарбӣ ва Шарқии раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки осиёии рушд (БОР) София Шакил вохӯрд.
Аз маркази матбуоти Вазорат хабар доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманди БОР ва Вазорат изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва, дар заминаи он, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ андеша ронданд. Айни замон, дар соҳаи тандурустӣ 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонк амалӣ мегардад, ки яке аз онҳо лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» мебошад.
Баррасии рафти татбиқи санадҳои баимзорасида байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
26-уми феврал дар шаҳри Тошкент рафти татбиқи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла бандҳои дахлдори протоколи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва «Харитаи роҳ» доир ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ баррасӣ гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ин масъалаҳо дар мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов муҳокима шуданд. Ҷонибҳо доир ба истифодаи имконияти васеи ҳамкорӣ байни ду давлат изҳори назар намуда, омодагиашонро дар робита ба соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт ва сармоя баён намуданд.