ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЙЁРИИ КИШОВАРЗОНИ ХАТЛОН БА КОРҲОИ САҲРОӢ

ТАЙЁРИИ КИШОВАРЗОНИ ХАТЛОН БА КОРҲОИ САҲРОӢ

04 март 2024, Душанбе
36
0


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз маҳали омодагии кишоварзон ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд.

Дар ин рӯз техника ва мошинҳо ба намоиш гузошта шуда буданд. Боридани барф низ ҳазорҳо гектар замини шудгоршуда ва боғотро бо намии зарурӣ таъмин кард.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир аз ҳисоби рушди иқтисодиёт кишоварзон имкон пайдо карданд, ки техникаҳои гуногуни кишоварзӣ бихаранд. Зиёд шудани техникаҳои марбути корҳои саҳро натиҷаи имтиёзҳо ва таъсиси нуқтаҳои КВД “Тоҷикагролизинг” мебошад, ки дар доираи даҳҳо миллион сомонӣ ба хоҷагиҳо трактор ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти кишоварзиро бо тариқи лизинг дастрас гардондааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ин мавсим дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кишти пунбадона зиёда аз 8 ҳазор гектарро дар бар гирифта, 60-то тухмипошак ба кишт сафарбар мешавад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки заҳматкашон бояд аз ҳавои мусоид истифода намуда, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ камари ҳиммат банданд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив