ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  НАМОИШ ВА ФУРӮШИ МИЛЛИОН БЕХ НИҲОЛ

СУҒД.  НАМОИШ ВА ФУРӮШИ МИЛЛИОН БЕХ НИҲОЛ

12 март 2024, Сешанбе
41
0


Бориши барфу сардиҳо ҷиҳати баргузории намоишу фурӯши анъанавии ниҳолу гулу буттаҳо ва тухмии зироатҳо дар шаҳри Хуҷанд монеа шуда натавонист. Дар мавзеи баргузории намоиш – майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ба қавли мардум, ҷои “сӯзанзанӣ” набуд. Мутахассисони хоҷагиҳои ниҳолпарварии 18 шаҳру навоҳии вилоят бо дастовез – ҳазорҳо намуди ниҳолҳои ҳосилдиҳанда, сояафкану ороишӣ, гулу буттаҳо омада буданд. 
Сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистону Бӯстон ва шаҳраки Бобоҷон Ғафуров бо нияти ҳам тамошову ҳам дастрасии ниҳолу гулҳои дилхоҳи худ ва гулбуттаҳо, тухми гулу зироатҳо, сарфи назар аз сардии ҳаво, ба намоишгоҳ омада буданд. Яке чанд ниҳолаки серҳосили зардолуи қандаку мирсанҷалӣ меҷусту меёфт, дигаре ниҳоли  шафтолуи тезпази “лола” харидорӣ мекард, сеюмӣ даҳҳо номгӯи гули садбарги маҳалливу аврупоӣ дастрас мекард.
- Ман намоиш ва фурӯши ниҳолу гулҳоро ҳар сол интизор мешавам, - мегӯяд Мунаввар Содиқов. - Имрӯз тасмим гирифтам ниҳолеро бо номи “лавровий лист” ёбам, ки барги он дар табобати бемориҳову хуштаъмии хӯрок истифода мешавад. Намоиш аз анъанаҳои қадимист, ки идома бояд дод. Он завқу шавқи шаҳрвандонро дар сабзу хуррамгардонии диёр, табиатдӯстиву муҳофизати он бедор мекунад.
– Мо дар як муддати кӯтоҳ тамоми ниҳолҳои хуч - настаранро фурӯхтем, – мегӯяд Неъматҷон Рӯзибоев, корманди идораи кишоварзии ноҳияи Ашт. – Боиси шодмонист, ки мардуми шарифи тоҷик дар пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаи ниёгон – ҳар нафар дар ҳаёт ниҳолеро сабзонад – идома медиҳад. 
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиш-фурӯши ниҳолҳо дидан карда, ба созмондиҳандагон изҳори сипос гуфт ва ба масъулон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии диёр, бунёди боғҳои нав, гулгаштҳои замонавӣ, гулзори кӯчаю хиёбонҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бино ба иттилои сардори раёсати  кишоварзии вилоят Маъруф Шафеиён, беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, гулу буттаҳо ва миқдори зиёди тухмии зироатҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив