ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН”. БАРДОШТ АЗ ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

“МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН”. БАРДОШТ АЗ ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

13 март 2024, Чоршанбе
33
0

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  дар шаҳри Кӯлоб Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин, меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ иштирок доштанд. 
Нахуст, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳия, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоятбуда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра пешкаш гардид. Форум ва Намоишгоҳи мазкур барои ҷалби минбаъдаи сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор заминаи хуб хоҳад гузошт.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ қисмати дигари Форум оғоз шуд.  Дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ба  шарофати истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот дар кишвар ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби сайёҳон шароити мувофиқ таъмин гардида, ташрифи сайёҳон сол ба  сол бештар мешавад. Ҳамзамон, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд.
Бо мақсади боз ҳам тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида мешаванд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз он 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалӣ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”, дайри буддоии “Аҷинатеппа”, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”, шаҳраки “Тахти Сангин” ва мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.   
Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли ҷорӣ, дар умум, 33327 нафар сайёҳи дохиливу хориҷӣ ташриф овардааст, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар Форум Имаи Сейдю – роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон, Родора Консепсион – муовини намояндаи доими Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов – роҳбари Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонону иштирокчиён суханронӣ намуда, доир ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив