ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ БУНЁДКОРИҲО ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ МАЪМУРИИ  ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДУШАНБЕ. ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ БУНЁДКОРИҲО ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ МАЪМУРИИ  ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14 март 2024, Панҷшанбе
22
0

 
13-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якум маҷлисгоҳи калон бо 500 ва толори хурд бо 180 ҷойи нишаст, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳанд шуд. 
Бино дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамоянд. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошанд.
Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз ба нақша гирифта шудаанд. Таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи Вазорат пешбинӣ шудааст.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи Вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир хоҳанд гашт. Оғози сохтмони бинои зебову муҳташами Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷиҳати рушди он пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг барои истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ дар иншоот ва дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ БИНОИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.
Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки иншооти навро бо назардошти сохти меъмории замонавӣ, босифат, мусоид барои кору хизматрасонӣ ва дар муҳлати муайяншуда сохта ба истифода диҳанд.
Дар бинои нав барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкорону сармоягузорон ва таҳияи лоиҳаҳои корхонаҳои саноатӣ имконият фароҳам оварда мешавад.
Бунёду ба истифода додани бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди саноат туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони соҳа мебошад.
Бо иҷрои супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими созандагиҳо дар шаҳри Душанбе ба таври намунавӣ таъмин карда шудааст.  Бинои нав дар идомаи иқдомҳои шаҳрдорӣ ба ободии дучанди пойтахти мамлакат мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки тамоми кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолиятро дар шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ таъмин намоянд. 
Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонда мешавад.

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ БИНОИ НАВ МЕШАВАД
13-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос  гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ доданд, ки бинои асосии Вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин, тибқи лоиҳа иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳанд ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегарданд.
Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар аст, барои кормандон ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имкониятҳои васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд хоҳанд ёфт. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат шароиту имкониятҳои муосири кориро фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд. Дар бинои нав, ҳамчунин, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Вазорат, ки ҳоло дар ҳар гӯшаву канори шаҳр фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. Ин тадбир ба беҳшавии  шароити корӣ мусоидат хоҳад кард. 
Барои сохтмони иншоот 1,58 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст, дар доираи ин тарҳ, ҳамчунин, фаввораҳои зебову замонавӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, айвончаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳанд ёфт.
Намои берунии иншооти нав бо шаклу услуби хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, гирду атрофи он низ тибқи лоиҳа зебову замонавӣ зиннат дода мешаванд.
Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии авҷи корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе буда, он ба фароҳам овардани шароити муосири корӣ ва зебову замонавӣ намудани пойтахт мусоидат хоҳад кард.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати 3 сол ба истифода додани бино, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва таваҷҷуҳи хоса додан ба масъалаи кабудизоркуниву сарсабз намудани гирду атрофи иншоот супоришҳои мушаххас доданд.

БОЗДИД АЗ ҶДММ “ИИ НАССОҶИИ ТОҶИК” 
13-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” боздид намуданд.   
Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи “Нассоҷии тоҷик” мебошад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳолии корхона ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки иқтидору захираҳои корхонаи «Нассоҷии тоҷик» имкон медиҳад дар ин ҷо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра – ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иқтидори корхона боло бардошта шуда, истеҳсоли маҳсулоти тайёру босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ба роҳ монда шавад.
  

Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив