“АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ”. ҲАМОИШИ АНЪАНАВӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, омӯзиш ва муаррифии осори таърихию фарҳангии ҳар давлату миллат рисолати аслии осорхонаҳо маҳсуб меёбад. Яке аз роҳҳои асосии муаррифӣ намудани мероси гаронарзиши таърихию фарҳангие, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд, пеш аз ҳама, ташкили намоишҳои гуногуни осорхонавӣ мебошад. Вобаста ба ин, яке аз намоишҳои рамзӣ ва анъанавие, ки ҳар сол дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил карда мешавад, “Аз Наврӯз то Наврӯз” аст.
Ҳадафи асосии “Аз Наврӯз то Наврӯз” унвон гирифтани намоиш дар он аст, ки ҳама осори таърихию фарҳангие, ки давоми як сол – аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 аз ҷониби Осорхонаи миллӣ ҷамъоварӣ гардидаанд, ба маъраз гузошта мешаванд. Дар ин замина, рӯзи 15-уми март дар Осорхонаи миллӣ намоиши мазкур ифтитоҳ гардид. Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба нақши Осорхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифзу омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан ронда, иброз дошт, ки давоми як сол ба фонди Осорхонаи миллӣ ба миқдори 431 адад ашёи гуногуни таърихию фарҳангӣ ворид гардидааст, ки барои тамошо гузошта шудааст, аз ҷумла намунаҳои сӯзанӣ, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари мисгарӣ, сиккаҳо, мероси хаттӣ, мусаввараву кундал, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои миллӣ ва ғайра.
Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз” то 1-уми апрели соли равон идома меёбад.
Алишер ЗАРИФОВ, сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)