Михаил Мишустин дар МТМУ ба номи Юрий Гагарини шаҳри Душанбе
Дар доираи сафар ба Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, муассисаи таълимӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Россия дар масоҳати умумии 2,4 гектар барои 2448 хонанда дар ду баст сохта шудааст.
Иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 39 муассисаи таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор хонанда таълим мегирад. Ҳамчунин, зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди 70 ҳазор хонанда мебошад. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Россия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.
Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия
Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавӣ «Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Россия ва Тоҷикистон» иштирок ва суханронӣ намуданд, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Россия ҳамеша ба рушду таҳкими манфиатҳои мутақобилан судманди дарозмуддати амниятӣ ва рушди устувори ду давлат нигаронда шудаанд.
Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия таъкид кард, ки дар доираи ин конфронс намояндагони 16 вилояти Россия, беш аз 200 ширкат ба Душанбе омаданд. Россия ва Тоҷикистонро муносибатҳои устувори шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ мепайванданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта гардиши савдо 18 фоиз афзуда, 1,5 миллиард долларро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар 20 соли охир аст, аммо, бо вуҷуди ин, кофӣ нест.
Вакилони парлумон бо медалу ифтихорнома сарфароз шуданд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба чанд вакили Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон медалҳои ҷашнӣ ва «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тақдим намуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, тибқи қарорҳои шуроҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушд ва таҳкими парламентаризм ва такмили асосҳои ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин, иштироки фаъолона дар кори ин ниҳодҳо бо нишон, медал ва ифтихорномаҳо сарфароз шуданд.
Вохӯрии Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Россия
Дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси»-и шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко, ки дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, вохӯрд.
Ҷамолиддин Абдуллозода ба вазири тандурустии Федератсияи Россия барои расондани ёрӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ба соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Санаи нашр: 03.03.2023 №: 49
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)