ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ФАЪОЛ ГАРДИДАНИ КАМЕРАҲОИ МУШОҲИДАВӢ  БО МАҚСАДИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

ДУШАНБЕ. ФАЪОЛ ГАРДИДАНИ КАМЕРАҲОИ МУШОҲИДАВӢ  БО МАҚСАДИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

29 март 2024, Ҷумъа
28
0
Ҷиҳати амалишавии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори раиси шаҳри Душанбе соли 2024 - Соли маърифати экологӣ эълон гашта, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист корҳои ободонӣ, созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва аксияҳои экологӣ роҳандозӣ мегарданд.
 
Дар ин росто, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ карда, ҷиҳати солимгардонии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар 50 нуқтаи осебпазири партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт камераҳои мушоҳидавиро насб намояд.
Ба иттилои маркази ахбори Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо ин мақсад, 20-уми марти соли 2024 аз тарафи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ дар сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе фаъол карда шуданд. Таҷҳизот ва камераҳои Маркази мазкур 24 соат фаъол буда, сабтҳои назоратии он аз нуқтаҳои насбшуда дар таҷҳизоти мониторингии он ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Марказ ҳамчун сохтори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, ки 4 воҳиди корӣ дар он вобаста аст, таъсис дода шудааст.
Чунин тадбири экологӣ имкон медиҳад, ки қонунвайронкуниҳои самти экологӣ, махсусан дар ҷойҳои номуайян ҷойгир намудани партов, ошкор гашта, фавран нисбат ба қонуншиканҳо чораҷӯӣ карда  шавад.
Фаъолияти минбаъдаи камераҳои мушоҳидавӣ дар беҳбуд шудани вазъи экологии пойтахт ва бамаротиб кам гаштани қонуншиканиҳо дар самти ҷойгир намудани партов дар минтақаҳои осебпазир нақши муҳим бозида, дар ин баробар, маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ баланд ва қонунҳои амалкунандаи самти экологӣ риоя карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки таҷҳизоти мазкур аз ҳисоби лоиҳаи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардида истодааст, харидорӣ гардида, насбу васли он аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода шуд.  Бояд зикр кард, ки иқдоми мазкур аввалин буда, тасмим гирифта шудааст, ки баҳри сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, зери назорати доимӣ қарор додан ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ чораҳои зарурӣ минбаъд низ андешида мешаванд.
 
Л. ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив