ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » TASHKENT GRAND SLAM

TASHKENT GRAND SLAM

06 март 2023, Душанбе
41
0
Ҷилои тиллоии Эмомалӣ Нуралӣ
Қаҳрамони феълии ҷаҳон миёни ҷавонон дзюдочии умедбахши Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ дар Tashkent Grand Slam 2023 медали тилло ба даст овард. Зимнан, ин дуюмин медали тилло аз мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” дар таърихи варзиши кишвар мебошад.
Паҳлавони мо то роҳ ёфтан ба финал бар Ҳаким Агамамедов (Туркманистон), Бобур Вадҷиев (Ӯзбекистон), Валид Хюар (Франсия) ва Муҳриддин Тиловов (Ӯзбекистон) ғалаба кард. 
Дар зӯрозмоии ҳалкунанда Эмомалӣ Нуралӣ бо дзюдочии дигари мизбон Сардор Нуриллаев рӯи гилем баромад. Дар вақти асосӣ ғолиб муайян нагашт ва дар вақти тиллоӣ паҳлавони тоҷик бо ҳалуки байни пой ҳарифро ба тахтапушт афтонда, ғалаба кард. 
Гӯштингири дигари мо – Сомон Маҳмадбеков барандаи нишони биринҷӣ гардид. 
Бояд гуфт, ки дар ҳисоби умумии медалҳо Тоҷикистон мавқеи 7-умро касб кард. Миёни мардон пас аз Ӯзбекистон ҷойи 2-юмро гирифт. 
 
 
 
Таҷҳизоти техникӣ ба КҲФ 
Бо мақсади татбиқи минбаъдаи нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ барои гурӯҳи наҷот тақдим гардид.
Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, барои дастаҳои наҷот васоити зарурӣ ҷиҳати анҷоми корҳои садамавӣ – курсиҳои эвакуатсия, нурафканҳои диодӣ, таҷҳизоти ғаввосӣ, фонусҳо барои фаъолияти зериобӣ ва ресмонҳо супурда шуданд.
Санади таҳвил ва қабули таҷҳизотро раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва сардори Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Наваб Алӣ Хон имзо карданд.
 
 
 
Оғози кишти пунбадона дар Хатлон
Дар шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба кишти баҳории зироатҳо, ҳамчунин, кишти пунбадонаро оғоз бахшиданд.  Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистон ба маъракаи кишти пунбадона дар Хоҷагии деҳқонӣ - фермерии «Зумрад-1» ҳусни оғоз бахшид. 
Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, ки чун анъана маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии мазкур бо дуои пирони рӯзгор, деҳқонони асил оғоз шуд. Хоҷагии деҳқонӣ - фермерии “Зумрад-1” аз соли 2010 ин ҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 24 гектарро ташкил медиҳад ва соли равон саҳмдорони хоҷагӣ ҳадаф доранд дар майдони 15 гектар кишти пунбаро ба роҳ монанд. 
Тибқи иттилоъ соли равон дар ҳудуди ноҳия дар майдони 9820 гектар кишти пунба гузаронда мешавад. Хоҷагидорони Ҷамоати шаҳраки Гулистон имсол ҳадаф доранд, ки дар майдони 1550 гектар кишти беҳтарин навъи пахтаро ба роҳ монанд.
 
 
 
Тақдими туҳфа ба 260 рӯбандаю  покизакори шаҳри Хуҷанд
Аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ба зиёда аз 260 рӯбандаю покизакори шаҳри Хуҷанд ширинию туҳфаҳо супурда шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо рӯбандаю покизакорони сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадр мешавад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. 
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ҳар гоҳе ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама, ба меҳнати кормандони ободонӣ баҳои баланд медиҳанд.
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив