ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУРОСОН. АВЛАВИЯТ БА САБЗКОРӢ

ХУРОСОН. АВЛАВИЯТ БА САБЗКОРӢ

29 март 2024, Ҷумъа
15
0
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилоят маъракаи шинондани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
 
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфтааст, ки дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки дар тамоми гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.
- Чуноне ки Президенти мамлакат дар Паёмашон зикр карданд, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин,  боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив