ИСТЕҲСОЛИ 30 НОМГӮИ МАҲСУЛОТИ НАВ ДАР ҶСП “ОБИ ЗУЛОЛ”
Раёсати ҶСП “Оби Зулол”-и шаҳри Истаравшан ҷиҳати афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда қадаме пеш гузоштанд. Ин ҷо дар арафаи Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо воридсозии технологияи ширкати итолиёвӣ истеҳсоли боз 30 номгӯи маҳсулоти нав ба роҳ монда шуд.
Тавре Ғаниҷон Қурбонов, директори Ҷамъият оид ба истеҳсолот, дар суҳбат иброз дошт, тавассути хатҳои нави технологӣ бори аввал дар мамлакат 10 намуди ғизои атфол дар шакли афшураи мевагию сабзавотӣ ва 18 номгӯи шарбати себу каду, сабзӣ, олуча, нок қулфинай дар шакли алоҳидаю омехта ва мураббову қаймоқи хушк истеҳсол мешаванд. Навгонии асосӣ ин аст, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда дар зарфҳои муосири ғунҷоишашон аз 180 то 250 грамм, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, манзури истеъмолгарон мегардад.
Феълан дар 10 хатти технологии фаъолияткунандаи ҶСП “Оби зулол”-и шаҳри Истаравшан, дар маҷмуъ, зиёда аз 130 номгӯи маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда истеҳсол мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”