ЗАН ВА ҶОМЕА. ГУЗОРИШ АЗ ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ СУҒД
“Стратегияи миллии фаъолгардонии нақш ва мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз масъалаи асосии иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ба ҳисоб мерафт. Аз рӯйи ин масъала назди вакилони халқи вилоят муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ гузориши муфассал дод:
– Мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилони халқи вилоят гузоштани масъалаи мазкур беваҷҳ намебошад. Зеро баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарон ба ҳаёти сиёсӣ, ба касбомӯзиву шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати ояндасози ҳаррӯзаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ ва ҳам дар табрикоташон дар иртибот ба Рӯзи Модар таъкид карданд: “Мо мехоҳем занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат бошанд, зеро онҳо оина ва зевари миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо ҳастанд”.
Дар радифи чандин қарору санадҳои дигар, ки оид ба боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расидаанд, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” яке аз онҳост.
Ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати ин ҳуҷҷати муҳим то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилояти чӣ кору тадбирҳои судманду муассир роҳандозӣ шуданд? Муовини раиси вилоят таъкид кард, ки ҳар гуна қарору барномаҳо нахуст аз фаҳмондадиҳию шарҳи онҳо оғоз меёбад. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон оид ба кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳои навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Мастчоҳ, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Мафҳуми ҳуқуқҳои конститутсионӣ”, навиштани иншо дар мавзуи “Ҳуқуқи ман” ва суҳбати гирди миз дар мавзуи “Ҳуқуқ ва инсон” доир шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, қабл аз ҳама, бо ширкати ҳуқуқшиносон, намояндагони шуъбаю бахшҳои кор бо бонувон ва оила, оид ба масъалаҳои аҳдномаи ақди никоҳ, моликияти муштараки зану шавҳар, уҳдадории алиментдиҳии аъзои оила, ситондан ва истифодаи алимент барои кӯдакони бепарастор бо таҳлили васеъ суҳбатҳо гузаронда шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷалби фаъолонаи бонувон ба ҳунармандӣ мебошад, ки Сарвари давлат борҳо оид ба ин мавзуъ суҳбат кардаанд. Ҳар сол дар ин самт аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкории занҳо грантҳо аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегарданд, ки бонувони вилояти Суғд ҳам аз он бархӯрдор мешаванд. Соли 2018-ум 18 нафар бонуи вилоят сазовори ин грант шуд. Солҳои охир бошад, боз грантҳои раиси вилоят таъсис дода шудаанд. Чанд соли охир, дар маҷмуъ, аз ҳисоби ҳукумати вилоят 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ ҷудо шуда, занон на танҳо шароити иқтисодии оилаашонро беҳтар карданд, ҳамчунин, бо рушди ҳунармандӣ ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 288 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ амал мекунад ва танҳо дар марказҳои атласу адрас зиёда аз 30 ҳазору 802 нафар занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд.
Бо сарварии занони соҳибкор дар ҳамаи ҷамоату шаҳракҳо барои занону духтарон коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, зардӯзӣ, қаннодӣ, толорҳои ҳусн, қолинбофӣ ва адрасбофӣ ташкил ва ба хотири зудтар бо ҷои кор таъмин шудани бонувон курсҳои зиёди кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳо боз мешаванд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)