Э Ъ Л О Н
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамоянд.
Мақсади асосии Фестивал-озмун – тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он мебошад.
Дар Фестивал-озмун маводи насрӣ, аз ҷумла мақола, ҳикоя, қисса, маводи таҳлилӣ, видеоролик, филм ва барномаи алоҳида доир ба мавзуъҳои ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он қабул карда мешаванд.
Маводҳо дар номгӯйи зерин бояд пешниҳод шаванд:
- маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра) дар васфи Ватан барои матбуоти даврӣ;
- маводи иттилоотӣ ва ё таҳлилӣ;
- масъала ё рӯйдоди мушаххаси марбут ба солҳои соҳибистиқ-лолии Тоҷикистон, ё шарҳи рӯйдоде доир ба мавзуъ дар ин давра;
- маводи насрӣ, ролик, барнома ва филми кӯтоҳи муаллифии ватандӯстона ва ё муаррифии дастовардҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот ва парандагони нодир, инчунин, обҳои шифобахши мамлакат.
Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 баргузор мегардад ва маводҳо тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то охири моҳи октябр қабул карда мешаванд.
Маводҳо ба Фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми
то 15 дақиқа ирсол шавад.
Фестивал - озмуни «Вассофи Ватан» дар чор номинатсия – «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронда мешавад.
Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, дуюм 5 000 ва сеюм 3 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.
Маълумоти бештар дар сомонаи www.khovar.tj
Телефонҳо барои маълумот: 888-08-34-04, 238-54-23.
Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)