ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА 

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА 

02 апрел 2024, Сешанбе
20
0


Ҳамоиши даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Душанбе 
1-уми апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҳамоиш ба даъватшудагон, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гашт. 


Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал 
1-уми апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ICSD) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон низ иштирок дошт.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодаи ICSD дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон (солҳои 2022-2024), татбиқи қарорҳои ҷаласаи қаблӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории экологӣ дар минтақа баррасӣ гардиданд.


ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН 
Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақл 
Дирӯз дар Ашқобод мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо роҳбари Агентии роҳи оҳани «Туркмандемирёллари» Азат Атамурадов доир гашт.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории мусбати ду мамлакатро дар соҳаи ҳамлу нақли бор ва дурнамои муносибатҳоро дар масъалаҳои иртиботи роҳи оҳан баррасӣ намуданд.


Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак
30-юми март дар ҷаласаи васеи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ шуд.
Тибқи хабари АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш таъкид шуд, ки чун ҳамеша масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Ҳамчунин, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ  ва бартараф кардани мушкилию камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Ҷамъбасти Фестивали «Сайри гули лола» 
1-уми апрел дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо баргузор шуд.
Фестивал дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 гузаронда шуд. Имсол пойтахт дар асоси тадбирҳои андешидаи мақомоти шаҳрдорӣ вобаста ба тақвияти корҳои ободонию сабзгардонӣ ва гулшинонӣ барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявӣ гардид. Тибқи иттилои МИҲД-и шаҳри Душанбе то имрӯз дар шаҳраку маҳаллаҳо, гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди ташкилоту муассиса ва идораҳо ба миқдори 6 миллиону 601 ҳазору 728 дона гули лола шинонда шудааст. 


Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд
Бо мақсади табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрд. 
Аз Донишгоҳ ба мо иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки ДМТ ба ҳайси муассисаи пешбари низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пешоҳанг мебошад.

Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив