«БОЗИҲОИ САРНАВИШТ»
Садриддин Ҳасанзода бо таълифоти муҳиму пурарзишаш дар миёни хонандагон мавқеи хос дорад. Ҳамасола саъй ба харҷ медиҳад, то асари тозанашрашро пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ ва муҳаққиқон намояд.
Мавзуъҳои интихобнамудаи ӯ дар ин маврид гуногун буда, дар ҳаллу баррасии онҳо муваффақ мебошад. Аз ҷумла, дар ин муддат кӯшидааст, ки зиндагиномаи шахсонеро, ки донишу таҷрибаи рӯзгор доранд ва барои миллату давлат, тарбияи насли наврас саҳм гирифтаанд, таълиф намояд. Мурод аз он тарғиби илму маърифат, некиву некукорӣ, дастгирии эҳтиёҷмандон, афзудани шавқу рағбати шахсони алоҳида дар сохтмони мактабу роҳҳо, пулҳову дигар иншоотҳо, эҳтироми волидайн ва пиронсолон мебошад. Китоби «Бозиҳои сарнавишт», ки чанде пеш ба табъ расид, аз ин қабил аст.
Воқеан, дуруст мебошад, ки «вазифаи зиндагиноманавис бисёр душвор аст, зеро агар ҳақиқатро бинависад, инсонҳоро меранҷонад, агар дурӯғ бинависад, Худоро».
Ба китоб Ибодуллоҳи Оқилпур пешгуфтор навиштааст, ки моҳияти мавзуъ ва мақсади муаллифро равшан баён менамояд. Инчунин, барои дарки васеи асар хидмат менамояд. Тавре ӯ менигорад: «Хоинону фурӯхташудагони миллат дар пайи озору таъқиби ҳамватанони худ бо далелҳои дурӯғин дар назди Ҳокимияти нав (шуравӣ – А.Р) олимону донишмандонро сиёҳ карда, бидуни пурсиш онҳоро ба маҳбас мекашиданд ва ба минтақаҳои сардсери Сибир бадарға мекарданд ва теъдоде аз онҳоро дар маҳфилгоҳҳои худ тирборон мекарданд, ки аз онҳо то имрӯз асареву ному нишоне боқӣ намондааст».
Мутолааи «Бозиҳои сарнавишт» моро ба рӯзгори пеш аз истиқлоли давлатӣ, барқарории сохти нав дар аввали солҳои 20-уми асри гузашта, шахсиятҳои маъруф ошно месозад. Ҳамзамон, ҳушдор медиҳад ва ба ин хулоса меорад, ки ба қадри истиқлол, сулҳ, ваҳдати миллӣ бирасем ва дар пешрафту ободи кишварамон саҳм бигирем.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60