ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА

СУҒД. ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА

04 апрел 2024, Панҷшанбе
9
0


Аввалин шуда дар вилояти Суғд деҳқонони ноҳияи Зафаробод ба кишти чигит оғоз бахшиданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар  ин маърака иштирок карда, ба кишоварзони ноҳия ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом бахшидани ҳамаи намуди кишти зироатҳо барори кор хост. Бо муътадил гаштани вазъи обу ҳаво дар тамоми навоҳии пахтакори вилоят кишти оммавии чигитро шуруъ  намуданд.

Бино ба иттилои муовини сардори раёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода, дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки дар майдони 59 ҳазору 623 гектар чигит коранд, ки нисбат ба соли қаблӣ зиёд аст. Бо назардошти баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, дар хоҷагиҳои навоҳии вилоят ба ҷуз навъи тухмии ватанӣ, ҳамчунин, тухмиҳои серҳосили кишварҳои Туркиё, Чин ва Ӯзбекистон низ корида мешаванд.
Ҷиҳати мутобиқ ба талаботи рӯзу агротехникӣ  анҷом додани кишти чигит аз ҳисоби лоиҳаи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба навоҳии вилоят 52 техникаи нави муосири  тухмипошак ва боз техникаи  шудгоркунанда ва ҳамворкунакҳо низ  супурда шуданд.
Пахтакорони вилоят ният доранд, ки дар мавсими соли 2024 зиёда аз 134 ҳазор тонна ҳосил рӯёнанд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив