ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САБЗКОРӢ.  РОҲАНДОЗИИ ИҚДОМИ ОМӮЗАНДА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ВАҲДАТ – НОРАК

САБЗКОРӢ.  РОҲАНДОЗИИ ИҚДОМИ ОМӮЗАНДА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ВАҲДАТ – НОРАК

04 апрел 2024, Панҷшанбе
29
0

 
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи навбатии ниҳолшинониро дар шаҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Норак доир намуд, ки дар он ташкилоту идораҳои давлатӣ ва аҳли ҷамоатҳои шаҳраку деҳот – 11 ҷамоати шаҳри Ваҳдат фаъолона ширкат варзиданд. Маърака бо шинондани дарахт аз ҷониби Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Яо Кай, раиси Шурои директорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покруд» оғоз гардида, дар маҷмуъ, 700 дарахт шинонда шуд. 
Яо Кай, раиси Шурои директорони ҶДММ «Покруд», изҳор дошт, ки иштироки ширкати мазкур дар чунин маърака бори аввал буда, ширкат барои сабзкунии шоҳроҳҳо аз КВД «Ниҳолпарвари шаҳри Ваҳдат»  1500 ниҳол харид. Иқдоми мазкур минбаъд низ идома ёфта, баҳри сабзу хуррамгардонии шафати роҳҳо ва кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар раванди пешрафти технология ва тағйирёбии иқлим барои ҳифзи солимии аҳолӣ ва табиат хеле муҳим аст. 
Шокиралӣ Хоҷаев, сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат, иттилоъ дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Норак дар мавсими имсола қариб 1000 бех ниҳол шинонда шудааст.
Ба гуфтаи номбурда, ниҳолҳои дар шоҳроҳҳо шинондашуда, асосан, аз КВД “Ниҳолпарвари шаҳри Ваҳдат”, ки ҳамасола наздики 290 ҳазор ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла павлония, ақоқиё ва хучи бехор, парвариш менамояд, оварда мешаванд.  Ин ҷо дар майдони 17,5 гектар   дарахтони гуногун парвариш меёбанд. Ниҳолҳои парваришёфта ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Белоруссия содирот мегарданд. Ҳамзамон, барои ба иқлими кишвари мо мутобиқ гардондани дарахтон ниҳолҳо аз кишварҳои Туркия, Эрон ва Ӯзбекистон низ оварда мешаванд. 
Дар ин бора Тоҷиддин Мирзоев, директори КВД “Ниҳолпарвари шаҳри Ваҳдат”, иттилоъ дод, ки норасоии техникаи обдиҳӣ ва қувваи корӣ яке аз мушкилоти ниҳлпарварӣ ба ҳисоб рафта, баъзан хушк шудани ниҳоли дарахтон низ ба ҳамин мушкилот рабт дорад. Бартараф кардани чунин камбудиҳо дар раванди кабудизоркунии мамлакат, ки давоми чанд соли охир аз мавзуи муҳими экологӣ мебошад, барои ҳарчи бештар сабзу хуррамгардонии Ватани азизамон имконият фароҳам меорад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив