ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИН ҲАМ БОЯД БА МИЛЛАТ ХИЗМАТ КУНАД

ДИН ҲАМ БОЯД БА МИЛЛАТ ХИЗМАТ КУНАД

05 апрел 2024, Ҷумъа
124
0

 
Дар ҳошияи мулоқоти ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки олимон, муаллимон ва донишҷӯён ҷаласа доир гардид.

– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот анҷом доданд ва ҳамоиши имрӯзаи мо низ як навъ ҳамовозӣ ва дастгирӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои Роҳбари давлат аст, – зикр кард Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. – Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон самимона табрик гуфта, бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, барои рафъи камбудиҳои мавҷуда ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти онҳоро талаб намуданд.
Зикр бояд кард, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Роҳбари давлат ба ҷавонони кишвар, ҳамчун соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, муроҷиат намуданд то истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоянд. 
Сипас, маърузаҳои Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ дар мавзуи “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон – омили осудагии кишвар”, Рустам Казаков,  мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Танзими анъана ва ҷашну маросим – кафолати зиндагии шоиста”, Бекмурод Наимзода, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм: хатар ба ҳаёти инсоният” ва Сангимурод Шарифов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Нақши соҳаи маориф дар ташаккули маърифати ҷомеа ва тарбияи худшиносии миллии ҷавонон” пешниҳоди иштирокчиён гардонда шуд.
Даъват ба  амал оварда шуд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бетараф набошем ва ба Ватани азизи худ содиқона хизмат намоем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, 
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 05.04.2024 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив