ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОХТАР. ОҒОЗИ МАВСИМИ КИШТИ ПУНБАДОНА

БОХТАР. ОҒОЗИ МАВСИМИ КИШТИ ПУНБАДОНА

09 апрел 2024, Сешанбе
18
0


Бо мақсади шиносоӣ бо рафти киштукори баҳорӣ, оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи кофии маҳсулот дар ҳар хонадон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва вохӯриву мулоқот бо сокинон, 6-уми апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи кишти пумбадонаи филиали Институти зироаткории шаҳри Бохтар иштирок намуд.
Нахуст, аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа якчанд навъи тухмиҳое, ки дар филиали Институт кишт ва парвариш карда мешаванд, намоиш дода шуд. Ин мавсим дар филиали Институт дар майдони умумии 93 гектар кишти 15 навъи тухмии ватанӣ гузаронда мешавад.
Олимони соҳа иброз менамоянд, ки навъҳои ватанӣ нисбат ба тухмиҳои хориҷӣ ба иқлими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мутобиқ буда, аз он гирифтани ҳосили баланд имконпазир аст. Бо ин мақсад, олимону мутахассисони филиал ба деҳқонону хоҷагидорони пахтакори вилоят тухмиҳои санҷидашуда ва серҳосилу хушсифатро пешкаш намуда, бовар доранд, ки барои расидан ба иҷрои дурнамои истеҳсоли ин зироати техникӣ муваффақ мегарданд.
Дар ин маъракаи муҳими саҳроӣ ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар филиали Институти зироаткорӣ аз ҷониби олимони соҳа 22 навъи тухмии ватаниву хориҷӣ дар қитъаҳои намоишӣ-таҷрибавӣ парвариш карда шуда, он барои тобовар будан ба тағйирёбии иқлим низ нигаронида шудааст, ки пайваста дар ин қитъаҳо корҳои илмӣ бурда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пурсамар истифода кардани ҳар қитъа замин ва аз он бардоштани ду-се ҳосил, вусъат бахшидани тадбирҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, аз худ кардани илмҳои муосири замон ва ҷалби онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама муҳим саҳмгузории шаҳрвандон дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, имомхатибон ва кормандони идораву муассисаҳои давлатии шаҳр мулоқот анҷом дод.
Зикр шуд, ки сокинони вилоят барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, баҳри рушду пешрафт ва шукуфоии Ватани азизи хеш ҳиссаи арзанда хоҳанд гузошт.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив