«САД РАНГИ ЧАКАН». ХОРУҒ СОҲИБИ ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ 1-И ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ГАРДИД
Дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар он занону ҷавондухтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастовардҳои худ иштирок намуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Иброз гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ ва, ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, гузаронда мешавад.
Баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле ба маврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз тарафи дигар таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд.
Тавассути ин Фестивал ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардида, барои пойдории арзишҳои фарҳангӣ заминаи устувор гузошта мешавад.
Дар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» шаҳри Хоруғ бо Дипломи дараҷаи 1, ноҳияи Рӯшон бо Дипломи дараҷаи 2, ноҳияи Дарвоз бо Дипломи дараҷаи 3 ва дигар ноҳияҳо барои иштироки фаъолона бо сипосномаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65