ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ КИШВАРҲОИ УЗВ БУЗУРГ АСТ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ КИШВАРҲОИ УЗВ БУЗУРГ АСТ

07 март 2023, Сешанбе
62
0
Бо ташаббуси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази дипломатии мардумии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошкент доир ба масъалаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни созмонҳои занони кишварҳои узви СҲШ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гашт. Дар конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Саодат Ҷӯразода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ карданд. 
Татбиқи муқаррароти Аҳдномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати кишварҳои узви СҲШ бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои созмонҳои занони кишварҳои узв мавзуи меҳварии нишаст буд. 
Гуфта шуд, ки мақсади асосӣ баррасии масъалаҳои баланд бардоштани нақши занон ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии иштироки онҳо дар татбиқи ислоҳоти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷомеа, омӯхтан ва таҳияи тавсияҳо барои такмили меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи занон дар кишварҳои узви СҲШ мебошад.
Саодат Ҷӯразода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, зимни суханронӣ гуфт, ки мисли соири кишварҳои узви СҲШ масъалаи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон низ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. 
– Баробарҳуқуқии занон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон пурра таъмин мебошад. Занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он баробари мардон ба фаъолият фаро гирифта шудаанд. Тамоми санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ ширкати занони моро дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт таъмин менамоянд, – гуфт Саодат Ҷӯразода.
Дар конфронс оид ба баъзе  мушкилиҳое, ки  ширкати занонро дар ҳаёти кишварҳои фазои СҲШ  маҳдуд месозад, табодули назар сурат гирифт. Перомуни ин масъала зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ то соли 2030 тасдиқ гардидааст. Он ба беҳтар намудани вазъи занон, пешбарӣ намудани онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда, таҳкими саломатии репродуктивӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, ҳифзи занон аз зӯроварӣ ва хушунатҳои хонаводагӣ, инчунин, бо манзил таъмин намудани табақаҳои осебпазири он нигаронда шудааст.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки ба шарофати ташаббусҳои доимии ҳукуматҳои кишварҳои узви созмон, иштироки фаъолонаи кумитаҳои занон ва ҳаракатҳои ҷавонон, ҳамкории занон, аз ҷумла дар форумҳои мунтазами занони СҲШ фаъолтар мегардад.
Дар чорабинӣ бо мусоидати коршиносон таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар мавриди иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин замина, таъкид гашт, ки баробарии занон, иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ яке аз шартҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, демократикунонӣ ва суботи ҷомеа мебошад.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 07.03.2023 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив