ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Умон

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Умон

16 апрел 2024, Сешанбе
10
0


15-уми апрел дар ҳошияи Нишасти дуюми муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Бадр ибни Ҳамад ал-Бусаидӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, ҳамчунин, тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо 
Таҳти раёсати муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳисобот оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ баррасӣ ёфтанд.


Мулоқоти судманд дар Кумитаи кор бо занон ва оила 
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бо ҷавонони гуногункасб вохӯрӣ-машварат доир гардид. 
Ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки ҳамоиш дар доираи маҳфили омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор шуда, дар он бо иштироки раиси Кумитаи  кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода вобаста ба ташаббусҳои ғамхоронаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии мавқеи ҷавонони даврони истиқлолият, такя ба неруи созандаи ҷавонон ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз суҳбати мубоҳисавӣ ҷараён гирифт.


Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ 
15-уми апрел дар шаҳри Тошкент вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Конгратбай Шарипов вохӯрд. 
Дар маркази матбуоти Вазорат ба мо хабар доданд, ки дар рафти мулоқот масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо рушди босуръати ҳамкориро дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлати бо ҳам дӯст унвон намуданд.


Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 
Аз 15 то 20-уми апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мегарданд. 
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ медиҳад, ки зимни баргузории чорабинии мазкур дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода мешаванд. Ҳамзамон, дар ин давра ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарон доир ба таҳияи филмномаи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» доир гардида, он мавриди таҳриру таҳлили пурра қарор дода мешавад.


Нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ дар Хуҷанд 
Дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳии ВКД ифтитоҳ гардид. 
Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ додааст, ки нуқтаи хизматрасонӣ дар назди бозори Панҷшанбе, ки аксари сайёҳон ва ҷаҳонгардон бештар ба ин мавзеъ меоянд, ба кор шуруъ намуд. Фаъолияти чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ ба ҳифзи гаштугузори озодонаи сайёҳон, пешгирии ҳар гуна хавфҳои зараровар мусоидат менамояд.

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив