ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМЕА. ТАНҲО ТАРБИЯИ ДУРУСТ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

ҶОМЕА. ТАНҲО ТАРБИЯИ ДУРУСТ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

16 апрел 2024, Сешанбе
20
0


Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, дар Бонки миллии Тоҷикистон  ҷаласа баргузор гардид.

Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Баротзода доир ба мавзуи “Пешвои миллат ва худшиносии миллию динии аҳли ҷомеа” маъруза намуд. Зикр шуд, ки Сарвари давлат дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат паҳлуҳои гуногуни бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динии ҷаҳони муосирро, ки имрӯз воситаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, таҳлил ва ба ҳифзи истиқлолияти сиёсию фарҳангии Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ ишора намуданд. 
Дар такя ба суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, барои ифротӣ нагаштани ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш  ва касбу ҳунар бештар бояд ҷалб кард. Ба илмҳои дақиқу риёзӣ диққат дода, техникаву технологияҳои навтарин бояд аз худ шаванд, то сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем.
Дар фарҷом роҷеъ ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ сухан рафта, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро бигзоранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив