ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРАКИ КОНСОЙ.  КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАРТОВ БУНЁД ХОҲАД ШУД 

ШАҲРАКИ КОНСОЙ.  КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАРТОВ БУНЁД ХОҲАД ШУД 

18 апрел 2024, Панҷшанбе
15
0


Ҷиҳати истифодаи самараноки канданиҳои фоиданоки  кишвар – маъдан  аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” боз қадаме пеш гузошта шуд.  Бо истифода аз технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо ҶСК  “Технологияи коркад” ва ширкати илмию истеҳсолии “Спирит”-и кишвари Россия дар  шаҳраки Консойи Гулистон   ба бунёди корхонаи коркарди партовҳои истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд.  
Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии  корхонаи мазкур   дар як соат 100 тонна партови маъдан буда, баъдан ин нишондод то ба 150-200 тонна афзоиш хоҳад ёфт. Бунёди корхона шароит фароҳам меоварад, ки то 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва музди меҳнати хуб гардад.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада  “Апрелевка” аз ҷумлаи корхонаҳои азими кишвар маҳсуб ёфта,  дар он зиёда аз 1000 нафар соҳиби ҷойи кор мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  дар маросими гузоштани санги  асос ҷиҳати  бунёди корхонаи мазкур ин  тасмими  роҳбарияти КМТК “Апрелевка”-ро дар истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  иқдоми хубу саривақтӣ арзёбӣ кард.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив