ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”.  ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ  ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

“КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”.  ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ  ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

23 апрел 2024, Сешанбе
14
0
Озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, ки  дар кишвар аз 15-уми феврали соли равон ҷараён дошт, дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт бо иштироки ҳайати  бонувони Ӯзбекистон ҷамъбаст гардид. 
Нахуст, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, намояндагони дигар вазорату кумита, муассисаҳои ҷумҳурӣ бо маҳсули дасти кадбонуҳои соҳибзавқи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба намоиш гузошта буданд, шинос шуданд.
Иштирокдорон ба дастархони орододаи довталабони Озмун, ки яке аз дигаре ҷолибтар ба назар мерасид, баҳои баланд доданд.
Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ин Озмун бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороии занону духтарони мамлакат гузаронда мешавад.
Раиси Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озода Парпибаева зикр кард, ки занону духтарони тоҷику ӯзбек дар кадбонугӣ низ ба ҳамдигар монандии зиёд дошта, хӯрокҳои миллии мо аз ҳам кам фарқ мекунанд.
Сипас, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва соҳибони мақоми ифтихории Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Аз ҷумла,  тибқи меъёри ороиши дастархон, омода ва пешниҳоди таоми субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом, хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, хӯришҳо, хамир барои пухтани нону дигар маҳсулотҳои нонӣ шаҳри Душанбе сазовори дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ гашт. Дипломи дараҷаи дуюм ба вилоятҳои Хатлону ВМКБ тақдим шуд. Ҷойи сеюмро бо мукофоти пулӣ вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт гирифтанд. 
Ҳамчунин, кадбонуҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оила қадр шуданд.  
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив