ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардида ёрӣ расонда шуд 

Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардида ёрӣ расонда шуд 

24 апрел 2024, Чоршанбе
5
0
Охири ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 125 хонаводаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Темурмалики вилояти Хатлон, ки бар асари боронҳои сели рӯзҳои 14-15-уми апрел зарар дида буданд, ёрӣ расонд.
Ин амал тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, аз маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об иборат аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
 
 
Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиёти маблағгузорӣ 
«Новобаста аз вазъи мураккаб ва ҳассоси геосиёсӣ масъалаи муҳим ва асосӣ барои Тоҷикистон, ин дастгирии сохтмони иншооти азим ва стратегии  мамлакат – Неругоҳи барқи обии  «Роғун» мебошад», – гуфта шуд дар вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиёти маблағгузорӣ Анна Бйерде дар Вашингтон.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба мо тавзеҳ доданд, ки дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор  ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот доир шуд. Дар он мусоҳибон масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо, пешниҳоди тавсияҳо оид ба сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии доимии машваратӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳониро  баррасӣ намуданд.
 
 
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
22-юми апрел дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон баргузор гашт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили умдаи рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Подшоҳии муттаҳидаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки заминаи ҳуқуқиро баҳри танзими парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Лондон фароҳам меорад, ба имзо расонданд.
 
 
Шиносоии ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагон 
35 намоянда аз ҳисоби ҷавонони фаъоли мамлакат бо фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон шинос шуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии ҷавонон,  ҳимояи манфиатҳои онҳо, пешниҳоди тавсияҳои зарурӣ барои пурра нишон додани  неруи зеҳнӣ ва ишғол  намудани мавқеи сазовор дар ҷомеа пеш гирифта шуд. Зимни мулоқот ба ҷавонон самтҳои асосии кори Парлумон, аз  ҷумла   ваколатҳои  асосии  Маҷлиси намояндагон, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти вакилон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо шарҳ дода шуд.
 
 
Ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ 
23-юми апрел дар Бангкок дар чаҳорчӯби иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмон барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гашт.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа иҷрои қарорҳои Декларатсияи СПЕКА (24-уми ноябри соли 2023, Боку), масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе, таъсиси Фонди боварӣ, «иқтисоди сабз», содагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳо дар савдо баррасӣ гардиданд. 
 
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив