ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» 

Тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» 

25 апрел 2024, Панҷшанбе
23
0
24-уми апрел иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор гашт.  
Аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ки дар иҷлосия  лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз қабили «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Фаронса дар соҳаи саноат дар мулоқоти муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар бо сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баррасӣ шуд. 
Дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни саноат, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсоливу илмӣ тибқи барномаҳои соҳавӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагиашонро дар самти тавсеаи ҳамкории ду давлат дар бахши саноат баён намуданд.
 
 
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон дарсҳои маҳорат ташкил кард
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки даври нахустини омӯзиши дарсҳои маҳорат дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллӣ ва  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) моҳи сентябри соли 2023 ба имзо расида буд, гузаронда шуд. 
БАТР ҳамчун шарики боэътимоди Бонки миллӣ на танҳо дар самти рушди «иқтисоди сабз», балки дар дигар бахшҳои муҳим, аз қабили рушди устувори экология, сиёсати иҷтимоӣ, идоракунии корпоративӣ ва сармоягузорӣ, рушди соҳибкории занон ҳамкорӣ менамояд.
 
 
Татбиқи 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт 
«Тибқи нақша, соли 2024 дар Тоҷикистон бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 миллион доллари ИМА дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ шавад», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Татбиқи 5 лоиҳа сохтмони 65 пули иборат аз 1,9 км, 5 нақби иборат аз 11,1 км, 5 долон (гузаргоҳ) бо дарозии 6 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро дар бар мегирад. Инҳо лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои «Роғун – Оби Гарм – Нуробод» 76 км, «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» 69 км, «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» 93 км, аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи Ванҷ 18 км, аз шоҳроҳ то маркази шаҳри Роғун 11 км мебошанд.
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив