ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  АВЛАВИЯТ БА ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛӢ

ХАТЛОН.  АВЛАВИЯТ БА ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛӢ

25 апрел 2024, Панҷшанбе
32
0
Дар толори сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи аввали соли  2024 доир гардид, ки дар он Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори сарраёсати Вазорати молияи дар вилояти Хатлон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Мушовараро Ҳабибулло Иззатуллозода ифтитоҳ  бахшида, иброз дошт, ки   сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо  мақомотҳои он дар маҳал дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расондаанд. 
Таъкид шуд, ки бо дарназардошти таъмини рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, мувофиқи маълумотҳо, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024 аз рӯи контингенти умумӣ дар сатҳи 102,5 фоиз   ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 102,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 547,8 млн сомонӣ ворид шудааст. Воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишудаи даромадҳои худӣ 11,1 млн сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи  соли гузашта 95 млн сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар ин давра дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз фонди музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9-уми январи соли 2024, №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1-уми январ  ва  1-уми июли  соли 2024 зиёд мегардад.
Роҳбарияти сарраёсати Вазорати молияи вилоят дар ҷараёни мушовара қайд карданд, ки амалишавии фармони мазкур дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақаи пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба анҷом расонда  мешаванд.  Ҳамзамон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор  шудаанд, ки то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ карда, барзиёдии даромади буҷети маҳаллиро сарфа ва мақсаднок барои пардохти зиёдшавии музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда амалӣ намоянд.
Дар идомаи мушовара Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки сарфи назар аз натиҷаҳои мусбат дар самти иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ, масъулони соҳаро лозим аст, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда саъю талоши бештар намоянд.  
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив