ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАҲКИМИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ДОНИШГОҲҲО

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАҲКИМИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ДОНИШГОҲҲО

10 март 2023, Ҷумъа
62
0


Иброҳим Абдураҳмонов, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вохӯрд.
Дар мулоқот масоили тавсеаи ҳамкориҳои ояндадор дар заминаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, аз ҷумла ташкили анҷуманҳои ректорону донишҷӯёни донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, афзоиши табодули академикии байни факултетҳо, ба таври васеъ муҳокима шуд. Зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаш соли охир беш аз пеш доман фарох намудаву ба сатҳи нав расидаанд.
Қарор аст, 13-15 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шавад. Ин ҳамоиш мусоидат хоҳад кард, ки байни донишгоҳҳои ду кишвар ҳамкориҳои нав ба роҳ монда шаванд.
- Ҳоло дар панҷ муассисаи таҳсилоти олии кишвари мо факултаву гурӯҳҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд. Таълим ба забони тоҷикӣ дар ин донишгоҳҳо имкон фароҳам овардааст, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаву томактабӣ, литсейҳои академикӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар ва техникӣ, ҳатто муассисаҳои олӣ бо кадрҳои баландихтисос таъмин гарданд, - гуфт вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Ногуфта намонад, ки дар донишгоҳҳои давлатии Самарқанд ва Тирмиз солҳост, ки факултаҳои филологияи тоҷик ва кафедраи забонҳои шарқ ба тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва академикӣ машғул мебошад. Панҷ сол муқаддам дар Донишгоҳи давлатии Фарғона низ, дар заминаи факултаи филологияи ӯзбек гурӯҳҳои тоҷикӣ ифтитоҳ гардид, ки, аллакай хатмкунандагони он дар муассисаҳои миёнаву томактабӣ таълиму тарбияи фарзандони мардуми тоҷиктаборро дар сатҳи лозима анҷом медиҳанд.
Инчунин, дар Донишкадаи омӯзгории Чирчиқи вилояти Тошкент ва Донишгоҳи давлатии Бухоро гурӯҳҳои тоҷикӣ арзи вуҷуд намудаву дар он даҳҳо нафар машғул ба таҳсил мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив