ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО »  Баррасии тавсеаи ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин 

 Баррасии тавсеаи ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин 

30 апрел 2024, Сешанбе
22
0
29-уми апрел вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Вэйдун мулоқот намуд. 
Вазорат иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
 
 
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ 
Ба муносибати пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2024 эълон гардидани шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон бо иштироки дабири кулли Созмон Хусрав Нозирӣ барномаи бошукӯҳ баргузор гардид. 
Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, ки зимни Рӯзҳои сайёҳӣ дар Шаҳрисабз Фестивали хӯрокҳои миллӣ ҳам барпо шуд. Дар доираи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон барои муаррифии санъату фарҳанги миллӣ намоиши либосҳои тоҷикиро созмон дод. 
 
 
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ 
29-уми апрел ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд. 
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо тавзеҳ доданд, дар ҷаласа масъулони ниҳодҳои марбутаи мамлакат доир ба таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ гузориш ва пешниҳод манзур намуданд.
 
 
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд
Бо ташаббуси МИҲД-и шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» («Smart city») лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид. 
Лоиҳа ҳамчун таҷдиди рақамии тамоми сохторҳои шаҳри Душанбе хизмат расонда, барои сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳнамои хубе хоҳад буд. Лоиҳа «Картография»-ро дар бар гирифта, дар он корҳо оид ба муайянсозии ҳудуди шаҳр, таҳияи харитаи дученакаи шаҳр, омода намудани қабати нармафзор барои харита, тавлиди маҷмуи ибтидоии инфрасохтор ва амсоли онҳо амалӣ карда мешаванд.
 
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив