ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОДИЛ РЕНО-БАССО: "ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БАТР ҚОБИЛИ ТАВСИФАНД"

ОДИЛ РЕНО-БАССО: "ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БАТР ҚОБИЛИ ТАВСИФАНД"

02 май 2024, Панҷшанбе
7
0
Ҳамчун президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ин нахустин сафари ман ба Тоҷикистон аст ва хушҳолам, ки фурсати баррасии дастовардҳои 30-соли ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои минбаъдаро бо Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон доштам ва барои таваҷҷуҳи хосашон ба тавсеаи ҳамкориҳо изҳори сипос намудам. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар зарфи 30-соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ин кишварро ҳамчун шарики устувори худ дарёфта, бо қаноатмандӣ аз самарҳои ҳамкорӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, низоми таъминоти оби ошомиданӣ, иқтисоди рақамӣ, дастгирии бахши хусусӣ, соҳибкории занонро рӯи даст гирифтааст, ки дар ин робита бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ тасвиб хоҳанд шуд.
– Ин нуктаро хонум Одил Рено-Бассо, президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 29-уми апрел дар Қасри миллат сурат гирифт, ба хабарнигорон баён дошт. Ба гуфтаи роҳбари ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ, дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БАТР-ро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои бештар изҳори омодагӣ намуданд.
Одил Рено-Бассо дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар заминаи ҳамкориҳои хубу ҳасана бо мақомоти марказию сохторҳои маҳаллӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун тақрибан 1 миллиард евро сармоягузорӣ намудааст. 
– Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориҳои судманди худ бо Тоҷикистонро ҷиҳати тавонбахшии кишвар дар рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, рушди бахши хусусӣ, обу энергетика, рақамикунонӣ, тавсеаи иқтидори содиротии “неруи сабз” идома хоҳад дод, – таъкид кард Одил Рено-Бассо. 
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.5.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив