«ИХТИРООТ, АЗ ҒОЯ ТО МАҲСУЛОТ»
Таҳти чунин шиор дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency”-и пойтахт бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид. Мақсади асосии Форум мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон арзёбӣ гардид.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат зимни маъруза, аз ҷумла иброз дошт:
– Мусаллам аст, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар як мамлакат аз сатҳи дониш, саводнокӣ ва дараҷаи азхудкунии илмҳои муосир ва пешрафти илму навоварӣ вобастагии калон дорад. Мояи ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва навоварӣ пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин аст, ки борҳо дар паёмҳояшон ба Порлумони кишвар яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро дар густариши соҳаи моликияти зеҳнӣ зикр намуда, ҷалби афроди лаёқатмандро ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ намудаанд.
Итминони комил дорам, ки ширкаткунандагони Форум метавонанд бо такя ба натиҷаҳои мусбат ва пешниҳодҳои ҷолиб ба рушди навоварию ихтироъкорӣ такони ҷиддӣ бахшанд. Бовар дорем, ки сафи ихтироъкорон ва навоварон дар ҷумҳурӣ афзуда, илм ба амалия пайваст мегардад.
Хушвахтзода Қобилҷон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар, талаботи ҷомеа ба соҳаи илм, маориф, инноватсия ва пайвастани илм ба истеҳсолот рӯз ба рӯз меафзояд. Маълум аст, ки ҳар як давлат бояд ба ташаккули низоми маҳаллии инноватсионии худ кӯшиш намояд. Ҳамин аст, ки гузариши марҳала ба марҳалаи иқтисодиёт бо роҳи инноватсионии рушд аз вазифаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бовар дорем, ки дар Форуми мазкур роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба пешрафт ва рушди кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Форуми мазкур аз ҷаласаи тантанавӣ ва бахшҳо дар мавзуъҳои «Ихтироот ва инноватсия – нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар», «Баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ ва имкониятҳои тиҷоратикунонии ихтироот», «Омӯзиш ва оммавигардонии ихтироот» иборат буда, иштирокчиён маърузаҳои пурмуҳтаворо дар ин самт пешниҳод намуданд.
Вобаста ба дастовардҳои ихтироъкорон дар доираи Форум намоишгоҳ баргузор гардида, барои меҳмонон буклет ва китобчаҳо дар шакли маълумот доир ба ихтирооти бақайдгирифташуда тақдим шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)