ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири ИМА

Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири ИМА

04 май 2024, Шанбе
20
0


2-юми май вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба сатҳу мундариҷаи равобити гуногунҷанба дар руҳияи дӯстию шарикии дарозмуддат баҳои баланд доданд. 
Мавзуъҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин, пешбурди тамосу музокироти созанда дар сиғаи “С5+1” дар меҳвари таваҷҷуҳи мусоҳибон қарор доштанд.
 

Чорабинии сатҳи баланди давлатҳои аъзои СММ марбут ба обу иқлим 
Дар шаҳри Женева бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ чорабинии давлатҳои аъзои СММ марбут ба обу иқлим баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои обу иқлим ва роҳҳои нави ҳамкорӣ, чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд дар самти об ва иқлим, аз ҷумла Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28, COP 29), Форуми ҷаҳонии об ва Конфронси оби Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.


«ТОҶИКИСТОН-2024»
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Аз 3-юм то 5-уми май дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад. 
Палатаи савдо ва саноат иттилоъ додааст, ки дар Намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва  Туркия, маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив