НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ. 70 ДАРСАД ИҶРО ШУДААСТ
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар давоми як моҳ зиёда аз 70%-ро ташкил дод.
Нақшаи даъвати ҳарбии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон 86% иҷро шудааст. То ин вақт ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватро пурра ба анҷом расонданд.
Ёдрас мекунем, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша гузориш дод. Ҳамин тариқ, давоми 30 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун низ аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74% баробар шудааст.
Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давоми 30 рӯз 55% ва шаҳри Душанбе 51% иҷро шудааст.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)