ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Хабарҳо » ШАҲБОЗИ АБРОР РАИСИ НАВИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД

ШАҲБОЗИ АБРОР РАИСИ НАВИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД

11 май 2024, Шанбе
68
0

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Конститутсия давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст, аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлоли давлатӣ барои фаъолияти бисёрҳизбӣ заминаҳои мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.



Ин аст, ки давоми беш аз се даҳсола ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯи меъёрҳои баробарҳуқуқӣ фаъолият дошта, дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми назаррас мегузоранд.


Дар чунин як фазои мусоид 11 майи соли ҷорӣ Ҳизби демократи Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали раиси ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода Анҷумани ғайринавбатии худро баргузор намуд.


Бо назардошти он ки, тибқи хулосаи шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, фаъолияти ҳизб дар давраи солҳои 2022-2024 ғайриқаноатбахш эътироф гашт, пешниҳод шуд, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шавад.


Дар ҳамин замина, вакилони анҷуман номзадии се нафар — Шаҳбози Аброр, Ҷаббор Юлдошев ва Илёсиддин Саидҷаъфаровро ба мақоми раиси ҳизб пешниҳод намуданд. Илёсиддин Саидҷаъфаров ихтиёран номзадиашро бозхонд намуд. Аз ҳайати умумии вакилон, ки 94 нафарро ташкил медод, 64 нафар ба тарафдории Шаҳбози Аброр ва 8 нафар ба ҷонибдории Ҷаббор Юлдошев овоз доданд.


Ҳамин тариқ, дар асоси овоздиҳии кушод Шаҳбози Аброр бо касби теъдоди бештари овозҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид.


Ҳамчунин, бо пешниҳоди вакилони анҷуман ва дар асоси овоздиҳӣ Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зӯҳро Мирзоева муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуданд.

Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив