ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИШТИРОКДОРИ 104-СОЛАИ ҶАНГРО ТАБРИК КАРД

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИШТИРОКДОРИ 104-СОЛАИ ҶАНГРО ТАБРИК КАРД

13 май 2024, Душанбе
18
0
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба табрики иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайнулло Алиев рафт.
 
Раиси вилоят З. Алиевро ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ самимона табрик намуда, ба ӯ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағ дар ҳаҷми 40000 сомонӣ ва аз номи МИҲД вилояти Хатлон 5000 сомонӣ тақдим кард. Туҳфаҳо, ҳамчунин аз ҷониби дигар мақомот супорида шуд.  
Ҳаёт ва фаъолияти ҷангию меҳнатии бобои Зайнулло барои насли наврас ва ҷавонон мактаби бузурги омӯзиши шуҷоату мардонагӣ, омили муҳими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба шумор меравад. 
Зайнулло Алиев аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосгузорӣ намуда, шукронаи сулҳу субот ва осудагии сарзаминро намуд.
 
 
МАЛАХ.  ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҲАШАРОТИ ЗИЁНОВАР
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид. Дар ҷаласа Заринаи Бурхвалишо, намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Фирдавс Қодиров, муовини сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», Маъруф Маҳкамов, мутахассис оид ба соҳаи кишоварзии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кикучи Такеши, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳрух Атоев, корманди бахши кишоварзии JICA ва Маъсуда Саидова, мушовири техникӣ ва ҳамоҳангсози Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд. 
 
Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки тибқи мушоҳидаҳо, ҳоло майдони пайдоиши малах 73 ҳазор гектар, майдони паҳншавӣ  47400 ҳазор гектарро дар бар гирифта, зиёда аз 42261 ҳазор гектар мавриди коркарди кимиёвӣ қарор дода шудааст.
– Дар рафти коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малах мо ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд алоқамандем, –  афзуд раиси вилоят. – Агар сари вақт мубориза бар зидди малах анҷом наёбад, шояд зарараш ба зироатҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳам расад.
Намояндагони шарикони рушд иброз доштанд, ки сӯзишворӣ, дорупошакҳои дастӣ ва моторӣ, либосҳои ҳимоявӣ, заҳрхимикати «Тропика», таъминоти коргарони саҳроӣ бо хӯрока, об барои нӯшокӣ ва тайёр кардани маҳлули заҳрӣ ёрӣ расонда мешавад, то дар ин самт корҳо ҷоннок гарданд. 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив