ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГИРОМИДОШТИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАШРИ КИТОБИ НАВИ "ҶУМҲУРИЯТ" БА ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИВУ РУСӢ

ГИРОМИДОШТИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАШРИ КИТОБИ НАВИ "ҶУМҲУРИЯТ" БА ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИВУ РУСӢ

14 май 2024, Сешанбе
27
0
 
Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти густардаи худ дар соҳаҳои фарҳангу санъат, илму маориф, таъриху тамаддун ва иҷтимову сиёсат номи худро ба дафтари абадият сабт намуд. Аз ҷумла, робитаву ҳамкории ҳамешагии ӯ бо матбуоти тоҷик дар мисоли «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») барои хонанда рӯшан аст. Ин рӯзномаи таърихӣ дар остонаи садумин соли нашраш ба ифтихори фарзанди номвари тоҷик китоби “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ” (“Бободжон Гафуров и цивилизация Востока”)-ро ба ду забон – тоҷикиву русӣ – аз чоп баровард.
Маҷмуаи мазкур, ки бо сифати баланд, муқоваву саҳифаҳои рангин чоп шуд, дувумин китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст, ки маҳз ба хидматҳои бедареғи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шуд. 
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» (5-уми декабри соли 2023) матлаи мувофиқу муҳими китоб аст.
Китоб бо сарсухани мухтасари аҳли қалами “Ҷумҳурият” оғоз меёбад, ки дар он омадааст: “Китоб маҷмуаи беҳтарин матлабҳо дар бораи хидматҳои беназири ин фарзонафарзанди миллат мебошад. Вижагии китоб бори аввал ба як маҷмуа ҷамъ омадани мақола ва суханрониҳои намояндагони илмиву адабии кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Франсия, Покистон ва Сурия дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» мебошад”.
Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотири гиромидошти Бобоҷон Ғафуров ва чопи китоби “Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон” (“Хуросон”, 2019), шумораи махсус (соли 2024) ва китоби нав бори дигар собит сохт, ки рӯзнома чароғи ёду ёдгори муаллифон ва қаҳрамонони бузурги худро ҳамеша фурӯзон медорад.
Бобоҷон Ғафуров ба матбуот, бавижа рӯзномаву ҳафтаномаҳои даврӣ, меҳру ихлоси хоса доштааст ва борҳо нақши бузург бозидани матбуотро дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси тамоми соҳаҳо таъкид намуда, аз ҷумла 25-уми марти соли 1975 дар саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» навиштааст: «Дар солҳои 20-30 газетаҳои аввалини тоҷикӣ на танҳо ташкилотчӣ ва пропагандисти коллективӣ, балки макони ҳақиқии тайёрии кадрҳои партиявӣ, журналистӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ буд. Аз насли калони нависандагон, коркунони илм ва маданият шояд касе набошад, ки дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» кор ва ё бо вай ҳамкорӣ накарда бошад».
Боиси тазаккур аст, ки Бобоҷон Ғафуров дар Ҷашни 50-солагии «Тоҷикистони советӣ» иштирок ва суханронӣ карда, бори дигар ёдовар мешавад, ки ин рӯзнома дар камолоти ходимони барҷастаи давлативу ҳизбӣ ва фарҳангӣ нақши бориз дорад. 
Дар китоб, ҳамзамон, ин ҳарфҳо омадааст, ки робитаи ҳамешагии олимро бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” рӯшан мекунад: “Садоқату самимият ва дилбастагии якумраи аллома Бобоҷон Ғафуров ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» бесабаб набуд, зеро ӯ дарк мекард, ки умри «Тоҷикистони советӣ» – нахустин рӯзномаи тоҷикии Тоҷикистони шуравӣ дар ҳудуди Сталинобод, имрӯза Душанбе, бо умри ин кишвар аз рӯзи дар харита арзи ҳастӣ карданаш, пайваст аст.  Медонист, ки умри ин ҷаридаи таърихӣ, ки бори нахуст бо номи “Иди тоҷик” аз худ дарак дода буд, бо умри Тоҷикистону тоҷикон дароз аст ва фардо ҳам, имрӯз ҳам бо номи «Ҷумҳурият» дар пойдории давлат, муназзаму пешрафта кардани афкори ҷомеа ва ваҳдату ҳамгироии халқи тоҷик мусоидат мекунад. Дар ин росто, «Ҷумҳурият» низ номи содиқтарин мухбир ва муаллифи худ – Бобоҷон Ғафуровро зинда нигаҳ медорад!”.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив