ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯЗГУЛОМ. БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ЯЗГУЛОМ. БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

14 май 2024, Сешанбе
32
0
 
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири маориф ва илм  Саидзода Раҳим Ҳамро ва бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ шинос гардиданд. 
 
Боздид  аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Мотравн оғоз шуд. Дар мулоқот бо омӯзгорон Саидзода Раҳим Ҳамро аз дастгириҳои доимии Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр сохт, ки бунёди муассисаҳои наву замонавӣ ва таъмиру навсозӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби таълиму тадрис марҳала ба марҳала   идома дорад. Доир ба масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, китобҳои дарсиву бадеӣ, фарогирии толибилмон ба муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби  духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози назар шуд.      
Баъди боздид вохӯрии вазири маориф ва илм ва раиси ВМКБ бо аҳли омӯзгорону мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, директорони мактабҳои ҳудуди водии  Язгулом дар толори Ҷамоати деҳоти Язгулом баргузор гашт. Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф Асомиддинзода Шарофиддин вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ванҷ, бахусус водии Язгуломро мавриди таҳлил қарор дода, гуфт, ки аз теъдоди умумии эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорон дар ҳудуди водии мазкур нарасидани 27 нафар омӯзгори соҳибихтисос ба қайд гирифта шуда буд, аммо бо мусоидат ва дастгирии раиси ВМКБ аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ин камбудӣ ҳалли худро ёфт. Соли таҳсили 2022-2023 аз 77 нафар хатмкардагони мактабҳои миёнаи водӣ  бори аввал  беш аз 50 дарсади онҳо  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил  шуданд. 
Вазири маориф ва илм  зимни баромад таъкид дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро дар сархати  аввали сиёсати давлат қарор дода, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ чораҳои амалиро рӯи даст гирифтаанд, ки ба шарофати он имрӯз соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. 
Дар хотима ба  сардори раёсати маорифи вилоят дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагони мактаб ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, инчунин, ба мукофотҳои соҳавиву давлатӣ пешниҳод намудани омӯзгорони арзанда, риояи либосҳои тавсиявӣ дар мактабҳо ва ҷилавгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив