МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО БИАН МАО ДОНГ
14-уми май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Биан Мао Донг, роҳбари ҶДММ “Дуоб Арт” дар Тоҷикистон, мулоқот кард.
Зимни суҳбат раиси вилоят иброз дошт, ки ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полизӣ, инчунин, беш аз 1 миллион дона пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад.
Биан Мао Донг иброз дошт, ки ҳадаф аз мулоқот сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Хатлон буда, пахтаи вилоят коркард шавад ва маҳсулоте истеҳсол гардад, ки талаботи мардумро қонеъ созад.
Раиси вилоят гуфт, ки имрӯз Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуд. Дар корхона, асосан, 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол мешавад ва иқтидори истеҳсолоти ресандагии он коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мебошад, аммо ҳоло ҳам ба сохтмони корхонаҳои нассоҷӣ эҳтиёҷ дорем.
Гуфта шуд, ки пас аз омӯзиши бозор, шиносоӣ ба имкониятҳои сармуягузорӣ ва сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилоят амалишавии лоиҳа дар назар аст.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)