МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. БАРДОШТ АЗ САФАР БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон таҳти унвони “Қатораи ҷавонӣ: дӯсти пайванди ҷонро гум макун”сафари сайёр доир гардид. Ҳадаф аз чорабинии мазкур шиносоии бештар бо зисту зиндагонии ҷавонони шаҳр, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни ҷавонон мебошад.
Нахуст, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ва кормандони Кумита бо 100 ҷавони фаъолу аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бо қатора аз самти Душанбе ба ҷониби Турсунзода ба сафар баромаданд. Сокинони шаҳри Турсунзода онҳоро бо хурсандӣ пазируфта, меҳмондорӣ карданд. Сипас, маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Дар доираи сафар ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангию фароғатӣ ва сайёҳии шаҳр дидан карданд. Аз ҷумла, онҳо бо дастовардҳои ҶДММ “Сардор – 2008”, Заводи алюминийи тоҷик “ТАЛКО” шинос шуда, аз боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ, Қасри шоҳмот, Мактаби кӯдаконаи шаҳр, Осорхонаи марказӣ дидан карданд. Баъди сайри мавзеъҳо суҳбату мулоқоти роҳбарияти шаҳр ва Кумита бо иштирокчиёни чорабинӣ сурат гирифт.
Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода, меҳмононро хайрамақдам гуфта, зимни суханронии хеш зикр кард, ки барои ҷавонон дар шаҳр ҳама шароитҳо муҳайё шудааст. Дар шаҳр зиёда аз 140 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. “Имрӯз аз ҳарвақта дида ҷавонони мо бояд зираку ҳушёр бошанд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри беҳбуди ҷомеа саъй намоянд. Тамоми кӯшишу талоши Ҳукумати мамлакат барои он равона шудааст, ки ҷавонон дар шароитҳои хуб донишандӯзӣ намоянд ва дар оянда номбардори давлату миллат гарданд. Дар пешрафту ободонии Ватани азизамон саҳми хешро расонда тавонанд”, – гуфт П. Акрамзода.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)